СОҲАИ МАОРИФ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳама давру замонҳо Ҳокимони одилу дурандеш, фозилу раъиятпарвар ба соҳаи маориф диққати махсус медоданд, ки боиси тараққиёт ва ташаккули давлатҳо мегардид. Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва ба сари қудрат омадани Пешвои миллат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардид. Саҳми Президенти мамлакат дар нуфуз пайдо кардани соҳаи маориф ва боло бурдани мавқеи омӯзгор ниҳоят бузург аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёмҳои худ дар масъалаи маориф сухан мегӯянд ва қайд менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои бо дастовардҳои назарраси соҳавӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ камари ҳиммат баста, ба корҳои ободонию созандагӣ дастаҷамъона машғул мебошанд.

Масъулини кумита дар ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №9 дидан намуда, аз тарафи роҳбарияти муассиса маълумот дода шуд, ки сохтумони бинои мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб доир гардида истодааст.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш