МАОРИФ ПОЯ, АСОС, ШОҲСУТУН ВА ҲАСТИИ ДАВЛАТ АСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар, оид ба дастовардҳои назаррас ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллию сиёсии дар пеш истода корҳои ободонӣ бо маром дар ноҳияи Вахш идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла дар сохтани муассисасаҳои таълимӣ дар маҳали зист саҳмгузорӣ намоянд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромаданд. Дар ин асно дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш