БАҲРИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ КАМАР БАСТЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи  маҳалли зист ва роҳҳои мошингарду пиёдагард камари ҳиммат бастаанд.

Воқеан  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ авҷ  дорад, дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулини Кумита бо маром доир гардида истодааст.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш