БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ  

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллию сиёсии дар пешистода корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Вахш бо маром идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар маҳалли зист саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромаданд. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатхои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Ҳамеша мебояд кушид, соҳибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад ҳисобид ва аз он  бебаҳра  намонд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии ҳадафҳои созандаи кишвар дар самти илму маориф аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар назди МТМУ №22 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш