САҲМИ АРЗАНДАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ҳамзамон дар доираи татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ноҳияи Вахш аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизби корҳои ободонию созандагӣ бо марром идома дорад.

Масъулини кумита аз рафти корҳои ободонӣ аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии МДНРА, ки дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия ба сангфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо машғул буданд, дидан намуда, ба корҳои анҷом додашуда дар ин самт баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур қайд намуданд, ки дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намудаашон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 30-солагии ҲХДТ тасмим гирифтаанд, ки дар дигар деҳаҳои ноҳия низ корҳои ободониро идома хоҳан дод.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш