ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИРО АМАЛӢ МЕНАМОЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда, дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мардатсой” ин гуфтаҳои волои  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар назди МТМУ №76 тариқи ҳашар ба сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи кории омӯзгорон камари ҳиммат бастаанд. Ба хотири дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назарраси соҳавӣ таҷлил намудани ҷашнвораҳои дар пешистода, дар  ин амали хайр ва дар рӯзҳои наздик ба истифода додани он аз тамоми роҳу василаҳо истифода намуда истодаанд. Аз рафти кор дар самти иҷрои нақшаҳои дар пеш истодаи ташкилоти мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, ба корҳои анҷомёфта дар ин самт баҳои баланд дода шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш