БАҲРИ ПЕШРАФТИ СОҲА САҲМИ АРЗАНДА МЕГУЗОРЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим дар самти худшиноии миллӣ, сатҳи маърифатнокии мардум ва муаррифгари фарҳанги миллӣ буда, ҳамавақт зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва баҳри баланд бардоштани инкишофи ақливу зеҳнӣ, қобилияти дарку фаҳмиши насли ҷавон, аҳамияти хос зоҳир карда мешавад, чунки барои сохтану пешрафт кардани ҷомеаи солим маҳз ҳамин насли навраси солим заминагузор мешавад.

Бо ҳамин мақсад ва ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “8-март”-и ноҳияи Вахш, дар назди МТМУ №48 иқдом гирифтанд, ки 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода диҳанд.

Аз ин ташаббуси аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ маълум мегардад, ки ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ  ва татбиқи ҳадафҳои имрӯзаи кишвар дар самти маориф аз ҳама роҳу васила истифода менамоянд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш