ҲАР ЯК ГУШАВУ КАНОРИ КИШВАРРО БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДОНЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастовардҳои бузург пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ дар ноҳияи Вахш аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии МДНРА корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо бо маром идома дорад.

Аз рафти корҳо дар ин самт масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дидан намуданд. Дар ин асно ба аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуда, дар иҷрои нақшаҳои дар пеш истода ба онҳо бурдборию комёбиҳо орзу намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш