ОБОДОНӢ МАРОМИ МОСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллию сиёсии дар пешистода корҳои ободонӣ бо маром дар ноҳияи Вахш идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани муассисасаҳои таълимӣ дар маҳалли зист камари ҳиммат бастаанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромаданд. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли бар камолу донишманд, мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатхои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Ҳамеша мебояд кушид, соҳибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад ҳисобид ва аз он бебаҳра намонд.

Дар ин асно дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маром идома дорад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш