КУШОДАШАВИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МАШЪАЛ 

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” дар ҷамоати деҳоти Машъал деҳаи Меҳробод-10-и ноҳияи Вахш, бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳия муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, фаъолони ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар шахсони расмӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 иборат аз 8 синфхона барои 240 нафар хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки хонандагони деҳаи мазкур то инҷониб дар муассисае таҳсил менамуданд, ки соли 1978 барои 150 нафар хонанда сохта шуда буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаи мазкур бо дастгирӣ ва маблағгузории ташкилоти Бунёди миллӣ (КАССА-1000)-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, ки ин  ҳама бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  буда, имрӯзҳо тамоми камбудию норасогиҳо паси сар шуда, ҷомеаи мо бо шиддат пешрафт карда истодааст.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш