БАРОИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ҲАМЕША ОМОДАЕМ.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар кишвари маҳбубу азизамон - Тоҷикистони биҳиштосо амалигардии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқаррарнамудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» бо маром ҷарайён дорад.

Албатта, хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост. Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.»

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чоллок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.

Вобаста, ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон, падару модарон ва ҷавонон корҳои таблиғотию ташвиқотиро роҳандозӣ намуда, дар дили ҷавонон мафҳуми Ватан ва ватандӯстиро бедор намуда, ҷавонони сину соли даъватиро ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуданд.

Корҳои таблиғотию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии ноҳия самараи хуб ба бор оварда, тавассути Роҳнамо барои ҷалби «Сарбози ихтиёрӣ» 7 нафар ҷавонони ноҳия; Сатторов Бахтовар Маҳмадрасулович, Ҳамидов Далер Сафаралиевич, Раҷабов Наҷибулло Сайвалиевич, Хушанов Фахриддин Анварович, Файзалиев Аюбҷон Ризвонович, Амонов Зиёвуддин Мирзоевич ва Зоитов Қосимҷон Ғафурович ихтиёран бо хоҳиши худ барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар оянда низ ҷиҳати ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳиро миёни аҳолӣ боз ҳам ҷоннок менамояд. 

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Вахш.