Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи тараннуми арҷ гузоштан ба арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба иҷрои талаботи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ” бо хонандагони муассисаи мазкур Соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади баргузории Соатҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  сайқал додани донишу малака ва фаҳмиши сиёсии наврасону ҷавонон, алалхусус хонандагон вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба муққадасоти миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, огоҳ намудани онҳо аз руйдоду воқеаҳои олами имрӯза мебошад. Дар муассисаи мазкур дарс дар як фазои хуб, бо ибрози ақида ва баҳогузори бисёр ҳам шавқовар доир карда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш