Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №69

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 30-юми сентябри соли 2023,  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷахон” миёни хонандагони муассиса Соати сиёсӣ доир карда шуд.

Дар Соати сиёсӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 аз ҷониби омӯзгорон аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки  дар замони пуртаззоди муосир ва бархурди тамаддунҳо ҳастанд нафароне ки манфиатҳои шахсии хешро аз давлату миллат боло гузошта, бо ташкили гурӯҳҳои ифротивуу террористӣ задухурдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё ташкил намуда, ҷавонони камсаводу ноогоҳро ба доми худ кашида, истифода намуда истодаанд. Мақсади баргузории ин дарсҳо ҳам дар он мебошад то ҷавонону наврасонро аз ин қабил гурӯҳҳо огоҳ намоем, то ин ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд. 

Машғулияти мазкур дар МТМУ №69 миёни хонандагон бисёр шавқовару рангин доир карда шуда, бо ибрози ақида ва саволу ҷавоб вобаста ба руйдоду воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардид.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш