Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санаи 30-юми сентябри соли 2023  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” миёни хонандагони муассиса Соати сиёсӣ доир карда шуд.

Дар Соати сиёсӣ омӯзгорон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки  дар замони пуртаззоди муосир ва бархӯрди тамаддунҳо ҳастанд нафароне, ки манфиатҳои шахсии хешро аз давлату миллат боло гузошта, бо ташкили гурӯҳҳои радикаливу террористӣ  задухӯрдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё ташкил намуда, ҷавонони камсаводу ноогоҳро ба доми худ кашида, истифода намуда истодаанд ва мақсади баргузории ин дарсҳо ҳам дар он мебошад, ки Шумо, ҷавонону наврасонро аз ин қабил гурӯҳҳо огоҳ намоем, то ин ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоред. 

Машғулияти мазкур дар МТМУ №66 миёни хонандагон бисёр шавқовару рангин доир карда шуда, бо ибрози ақида ва саволу ҷавоб вобаста ба рӯйдоду воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле шавқовар ҷамъбаст гардид.