Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №46

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи тараннуми арҷ гузоштан ба арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба иҷрои талаботи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 30-юми сентябри соли 2023, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ” бо хонандагони муассисаи мазкур Соати сиёси гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории Соатҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои сайқал додани донишу малака ва фаҳмиши наврасону ҷавонон, алалхусус хонандагон вобаста ба руйдоду воқеаҳои дар олами имрӯза рухдода имконияти хуб даст медиҳад, ки дарсҳои мазкур ба хонандагон қобили қабул буда, бо ибрози ақида ва баҳогузорӣ бисёр ҳам шавқовар доир карда мешаванд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш