Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи тараннуми арҷ гузоштан ба арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба иҷрои талаботи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  санаи 30-юми сентябри соли 2023  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ” бо хонандагони муассисаи мазкур Соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки баргузории Соатҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои сайқал додани донишу малака ва фаҳмиши наврасону ҷавонон, алалхусус хонандагон вобаста ба рӯйдоду воқеаҳои дар олами имрӯза рухдода имконияти хуб даст медиҳад, ки дарсҳои мазкур ба хонандагон қобили қабул буда, бо ибрози ақида ва баҳогузори бисёр ҳам шавқовар доир карда мешаванд.