Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №30

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзуи “Хизмат ба Ватан – қарзи ҳар як ҷавонмард аст” ва тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар рафти машғулиятҳои доиргардида, омӯзгорон ба хонандагон оид ба шарту шароити кунунии қисмҳои низомӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи марзу бум ва якпорчагии Тоҷикистони азиз, инчунин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш