Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №25

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии нақша чорабиниҳои таҳрезинамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон таърихи 30- юми сентябри соли 2023, дар муассисаи тасилоти миёнаи умумии №25 Соати сиёсӣ, дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ” бо хонандагон доир гардид.   

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ ва талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида, омӯзгорон ба хонандагон оид ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо, саҳми арзанда гузоштан дар пешрафту тараққиёти кишвар шарҳу тавзеҳо доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш