Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №21

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 30 сентябри соли 2023 дар МТМУ №21 дар асоси нақша чорабини КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Соати сиёсӣ дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ” доир гардид.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар рафти машғулиятҳои доиргардида, аз ҷониби омӯзгорон ба хонандагон оиди дуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш