Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №19

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 30-юми сентябри соли 2023, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ” миёни хонандагони муассиса Соати сиёсӣ доир карда шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар рафти машғулиятҳои доиргардида, омӯзгорон ба хонандагон оиди дуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш