Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ, ки мавзуи он  “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва  ҷаҳон” буд, рӯзи 30-юми  сентябри соли 2023 дар  МТМУ№18 бо мақсади шинос намудани ҷавонону наврасон бо вазъи кунунии Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ, худогоҳию ҳуввияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик  гузаронида шуд.

Омӯзгорон  ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақти маънидод намуда, баргузории соатҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳот дода шуд.