Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №12

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30- сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзуи "Ҳифзи Ватан ва ҳифзи марзу буми он – қарзи шаҳрвандист" ва тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИҲХДТ дар ноҳияи Вахш