Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №12

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 30-юми сентябри соли 2023 дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” Соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида, омӯзгорон ба хонандагон оид ба хавфу хатари гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва оқибатҳои он шарҳу тавзеҳо доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш