Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 30-юми сентябри соли 2023 дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия  Соати сиёсӣ  дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ” гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ба хонандагон оид ба хавфу хатари гурӯҳҳои радикалию террористӣ ва оқибатҳои он, вазъи кунунии кишварҳои алоҳида ва Тоҷикистони биҳиштосо шарҳу тавзеҳот доданд.