Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30- юми сентябри соли 2023 дар литсейи давлатии ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва  ҷаҳон” бо мақсади шинос намудани ҷавонону наврасон бо вазъи кунуни Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳию ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик Соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони литсейи давлатии ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ маънидод намуда, баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ ва оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.