ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ дар ноҳияи Вахш бо маром идома дорад. Дар ин росто аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДРА”-и ноҳия, дар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, таъмиру мумфаршкунӣ ва рангубори паҳлуи деворҳои роҳ (бардюрҳо) бо маром идома дорад..

Аз рафти корҳои ободонӣ дар ин самт масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дидан намуда, ба кормандон дар иҷрои корҳо барору комёбиҳо хоста, ба корҳои анҷом додашуда баҳои баланд доданд.

Бояд қайд намуд, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Вахш аз тарафи аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш