ТАЪМИРУ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДРА”-и ноҳия, бо як ҳисси баланди ватансозиву ватандорӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи хешро дар корҳои ободонию созандагӣ пайваста гузошта истодаанд. Дар урфият мегӯянд, ки “роҳсозӣ ва таъмири роҳ амали хайру эҳсонкорист” ва инро кормандони ин ташкилот сармашқи кори худ намудаанд.

Барои омодасозии роҳҳо барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва мумфаршу сангфарш намудани роҳҳои аҳамияти байни маҳаллидошта, корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, аз рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои байни маҳаллии ҳуддуди Ҷ/д 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии “МНДРА” корбарӣ шуда истода буд, дидан намуда, ба фаъолияти меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш