МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳама давру замон ва қавму макон илм ва ба амал татбиқ гардонидани он нерӯи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши ҷомеа мебошад. Ҳастии инсон бо ниҳоди офаридагорӣ ва ғановатманди сиришти ботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб шудааст. Аз ин ҷост ки низому пешрафти ҷомеа, таъмини амният, сулҳу суббот, бунёдкорву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башар ба нерӯи илм ва фазилати инсон алоқаманд мебошанд, аз аҳди бостон инсоният ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат буда, рози илму ҳикмат мекушоду саодату хушбахтиро ҷӯё мешуд, ки он дар тӯли ҳаёт мояи ифтихору ҷуръат ва сарчашмаи шуҷоат қарор мегирифт.

Аз ин рӯ имрӯз месазад, ки ҳамагон ба суйи мактаб рӯ биорем, чунки мактаб макони илму маърифат ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маорифчиёни ноҳияи Вахш пайваста кӯшиш менамоянд, ки барои соҳибилм гардидани насли ояндаи кишвар шароити мусоид фароҳам оваранд. Бо ташабуси аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и ноҳия муассисаҳои ноҳия барои омӯзиши барномаи компютерӣ, бо компютерҳои замонавӣ таъмин карда шуда истодаанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш