ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади амалӣ гардонидани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати азнавсозии иншооти гигенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ, пайваста дар ташкилотҳои ибтидоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст. Боиси зикр аст, ки бо мақсади таъмини тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо маром идома дорад.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДРА”-и ноҳия дар тамоми корҳои ободонӣ ва азнавсозии гӯшаю канори ноҳия фаъолияти пурсамар дошта, ин навбат иқдом гирифтанд, ки иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифодаи умум диҳанд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ба кори аъзоёни ташкилот баҳои баланд доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш