АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ талош намуда истодаанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби бонуфуз пайваста аз пайи ободкориҳо шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКТ-№60”-и ноҳияи Вахш, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳравҳои назди таълимгоҳро азнавсозӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки роҳраҳоро сафолакпӯш намоянд.

Аъзоёни ташкилоти мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи коргоҳашонро обод намуда истодаанд. Ҳизбиёни ноҳия аз рафти корҳои ободонӣ дидан намуда, иқдоми аъзоёни ташкилотро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш