ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНРО ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсониро ҳамеша сарсабз нигоҳ медорад. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Фаромӯш набояд кард, ки падару модар дар соҳибилму соҳибкамол гардидани фарзанд масъулияти ҷиддиро бар дӯш доранд.

Масъулиятшиносии падару модарон аст, ки имрӯзҳо қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ симои худро дигаргун карда истодаанд. Падару модарон имрӯзҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ робитаро бо мактабҳо қавӣ намуда, дар ҳалли камбудиҳои мактаб саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Бо дарки ин гуфтаҳо месазад қайд намоем, ки дар муассисаи таълими №9 бо дастгирии падару модар, аз ҷумла соҳибкорон 10 дона тахтаи синф ба муассиса тақдим карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш