АЁДАТИ БОШАНДАГОНИ МУАССИСА ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ВАХШ, ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама иду ҷашнҳо аз тарафи шахсони саховатпеша, соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо ба мактаб-интернатҳо ва маъюбону собиқадорони меҳнат кӯмакҳо расонида мешаванд. Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин аст, ки аз тарафи яке аз аъзоёни фаъоли ҳизб, соҳибкори муввафақи ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ризоев Н., ба муассиса- интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Вахш маводи ғизоӣ ва маводҳои шустушӯӣ дастрас карда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки кӯмакҳои мазкурро бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Файзализода Қ., Ватанзода С., Мамадализода Г., Вализода С., ва Негматзода А. ба муассиса тақдим намуданд.

Дар ин замина Саидзода Ҷ.Ҳ., дар назди бошандагони муассиса- интернат сӯҳбати озоду самимӣ ороста иброз намуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол дар мактаб-интернат 295 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва кӯмакҳои аъзоёни фаъоли ҳизб дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои давлативу миллӣ ба ин муассиса расонида мешавад. Бояд гуфт, ки расонидаи чунин кӯмакҳо дар оянда низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва аъзоёну ҷонибдоронаш, барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша идома хоҳад ёфт.