АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МУАССИСАҲО

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ бо маром вусъат дода шуда истодааст. Ҷонибдорони ҳизб пайваста талош намуда истодаанд, ки ободониву созандагиро аз хонаву ҳавлӣ, кӯчаю деҳа, мактабу бунгоҳ, маҳаллаву ҷамоат ва билохира ноҳияи худро саросар ободу зебо намоянд.

Бо ҳамин мақсад имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки омӯзгорон, падару модарон дар таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии ноҳия саҳми боризи худро гузошта истодаанд. Ба хотири ояндаи дурахшони фарзандонашон ҳаматарафа кӯшиш менамоянд, ки онҳо дар фазои тозаву озода ва ободу зебо таълиму тарбия гирифта, дар оянда баҳри ватану модаронашон хизмати содиқона намоянд.