НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати оқилона, раийятпарварона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ятимону маъюбон дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар ин замина дар арафаи таҷлили ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ки ҳар моҳ ба ду нафар аз оилаҳои ниёзманд нафақаи ҳизбӣ пешбинӣ намудааст ва маблағи он (500) сомониро дар бар мегирад, таъмин намуд.

Зимни таъмини нафақа ва айёдати маъюбон Раҳматуллозода Дилшод муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иброз дошт, ки ин аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззам ва маҳбуби миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошад.