АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳар шанбеи охири моҳ ҷаҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Дар ноҳияи Вахш ин ташаббус хусусияти хосаро касб намуда, ҷиҳати амалишавии ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” маорифпарварони ноҳия, иқдомҳои падару модарон ва собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро руйи кор овардаанд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби сокинон, падару модарон ҷонибдорӣ гардида, дар навбати худ хатмкардагон низ барои таъмири ҷории мактабҳо ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд. Бо фарорасии соли нави таҳсили 2023-2024 собиқ хатмкунандагони МТМУ №11, ки бинои алоҳида барои таҳсили фарзандонашон сохта буданд, онро муассисаи алоҳида  яъне МТМУ №46 рақамгузорӣ намуда, бо мизу курсӣ муҷаҳҳаз гардониданд.