ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДАЙРИ БУДДОИИ “АҶИНАТЕППА”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо, идораҳо ва мавзеҳои таърихӣ ба худи инсон вобастагии комил дошта, вазифаи ҳамешагии шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад. Нимаи дуюми рӯзи 1-уми сентябри соли равон, бо ташаббуси аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии “Фарҳангчиён” ва “Маорифчиён”-и ноҳияи Вахш, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллиамон, яъне 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзу гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ, дар мавзеи дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни ташкилотҳои дар боло зикр гардида, бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои тозаву озода намудани гирду атроф ва дохилу берун ва гузаргоҳҳои ин мавзеъ дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд.