СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №76

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Мактаби ман” оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия оғоз карда шудааст.

Дар заминаи ҳамин амалиёт дар назди муассисаи таълими №76-и ноҳияи Вахш, сокинон ва хатмкунандагони гуногуни муассисаи мазкур тасмим гирифтанд, ки дар назди муассисаи таълими синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода диҳанд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои собиқ хатмкунандагон маблағгузорӣ карда шуда истодааст. Айни замон корҳо дар болопуши синфхонаҳо рафта истодаааст.  Дар кори сохтмон мутахассисони маҳалӣ ҷалб карда шудаанд.