АКСИЯИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» АМАЛӢ ГАРДИД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-уми августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа, барои тозаву озода намудани қабристонҳои деҳаҳо, амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» доир гардид. Дар аксияҳои ҳизбӣ масъулини ҳизби ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, дохил ва гирду атрофи қабристонро тозаву озода намуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш зимни баргузории ҳашари дастаҷаъмона қайд карданд, ки барои шод намудани рӯҳи гузаштагон ва таблиғ намудани чунин корҳои хайру салоҳ ва ба насли ояндасози ҷавон нишон додану бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири қалби онҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба шумор меравад.

Дар ин аксия иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки пайваста чунин корҳоро ба анҷом расонида, дар ободии диёр ва оромгоҳҳои ҳудуди деҳаю маҳаллаҳояшон нақши беназир гузоранд.