СОКИНОН ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИРО ҶОНИБДОРӢ МЕНАМОЯНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърих дар саҳифаҳои худ рӯзҳоеро сабт менамояд, ки дар сарнавишти миллату халқияте асари худро гузошта бошад. Чунин рӯз дар таърихи миллати мо рӯзи ваҳдату ягонагӣ аст. Чандест, ки насими истиқлолу ваҳдат вазида, кишвари моро ободу гулафшон кардааст. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии зиндагӣ муттаҳидона умр ба сар мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд.

Ҳамин аст, ки сокинони заҳматкашу меҳнатқарини ноҳияи Вахш, дар ободонию хуррамгардонии ҳар як гӯшаю канори кишвар камари ҳиммат бастаанд. Имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташаббусҳои ҳизбиро пайваста дастгири намуда, дар ободонию созандагии ноҳия саҳми боризи худро гузошта истодаанд.