ОЯНДАРО ИМРӮЗ БОЯД СОХТ....

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, истиқболи шоиста аз 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш, аз ҷониби сокинон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” корҳои созандагӣ бо маром идома дорад. Ҳангоми суҳбат бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур ва сохтмончиён маълум гардид, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз дигар ташаббус ва аксияҳои ҳизбиро ба анҷом мерасонанд.

Бояд қайд намуд, ки бо дидани чунин манзараҳо ва кӯшишу ғаёрати аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маълум мегардад, ки ояндаи дурахшони насли наврас, ки аз  мактаб сарчашма мегирад, имрӯзҳо бо дастони моҳири худашон сохта истодаанд. Аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дидан намуданд.