АЗНАВСОЗИИ СИНФХОНАҲОИ МАХСУС БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ дар ҳаққи ашхоси ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, яке аз самтҳои муҳим дар тамоми қаламрави мамлакат ба шумор рафта, имрӯзҳо дар зери сиёсати хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои барои шароити мусоид фароҳам овардан баҳри таълиму тарбияи нафарони имконияти маҳдуддошта роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо ҳамин мақсад санаи 24-уми августи соли ҷорӣ, дар асоси ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Олмон, бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон, яъне 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 синфхонаи махсус барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта ба истифода дода шуд. 

Тамоми аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар сохту соз ва ба истифодадиҳии ин синфхонаҳо саҳми худро гузоштаанд.