БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Рӯзобод" ва “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 73, пурра таъмир гардида, ба истиқболи соли нави таҳсил омода мебошад. Бо дидани дохил ва беруни муассиса кас эҳсос мекунад, ки фаъолони ҲХДТ мардуми деҳа иқдоми некро пеш гирифта, барои фарзандонашон ва дар шароити мусоид таълиму тарбия гирифтани онҳо масъулияти баланд нишон додаанд.

Ногуфта намонад, ки ин корҳои ободонию созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шудаанд.