СОЛҲОИ 2022-2026 “СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҳамеша барои инкишоф ва рушди соҳаи саноат барои густариш бахшидан ба истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ба соҳаи саноат мавриди таваҷҷӯҳи махсуси худ қарор додааст.

Бо ин мақсад имрӯзҳо тамоми сокинон аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия Вахш, барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд. Дар ин замина метавон гуфт, ки занону бонувони мо низ фаъолиро аз даст доданӣ нестанд ва рушди ин соҳа кӯшиш намуда истодаанд.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин саноаткунонии босуръати кишвар мебошад ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” барои рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаи фароҳам мегузорад.