Кӯмаки нафақаи ҳизбӣ барои маъюбон

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба дидорбинии ду нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки Вахш  Гулова Сайлигул,  Назаров  Бобохон  рафта, ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии  моҳи июли соли 2023 дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.