Пос доштани оромгоҳ анъанаи неки миллиамон

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Вахш якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро мавриди амал қарор доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба тоза намудани ҳудудҳои оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” бо иштироки волонтёрон, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»  гузарониданд.

Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад ва моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки аз гузаштагони худ мероси илмию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро омӯзанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд.