ВОХӮРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА" ДАР САҲРО

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси дастуру супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза бо усули "Хона ба Хона" ва дар саҳро ба мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Санаи  28-июли соли равон  масъулини Кумита чунин суҳбату вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдат гузарониданд. Соҳибхонаҳо барои ҳамкорӣ ва додани маслиҳат, ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия изҳори миннатдорӣ карданд ва ҳамчунин дилпурона гуфтанд, ки аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд.