Самаранок истифода бурдани замин

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриашон ба сокинони мамлакат барои самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз он рӯёнидани на камтар аз ду ҳосил рӯ оварда, таъкид бар он менамояд, ки рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷоравӣ ва деҳқонӣ ягона воситаи ба маҳсулоти асосии зиндагӣ таъмин намудани аҳолӣ ва фаровонии бозори дохилӣ мебошад. Дар ноҳияи Вахш соҳаи асосии онро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ шуғли асосии аҳолӣ ва манбаи рӯзирасони мардум ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, сокинони ноҳия имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ дастаҷамъона ба кишту кор машғуланд. Онҳо бо дарки вазъи буҳронии ҷаҳон кӯшиш бар он доранд, ки аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода намоянд .

Санаи 27 -уми  июли соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия бо усули хона ба хона гардиш намуданд. Зимни вохӯрӣ бо сокинон оид ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуданд.

 Ҳамзамон ҷиҳати саривақт ва беталаф ғун доштани ҳосили пухтарасида ва кишти такрорӣ бо аҳолӣ мулоқот намуда, ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.