ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намудааст.

Аз он ҷумла бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се соли охир кӯчаи марказӣ ва роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Вахш, марҳила ба марҳила мумфарш карда шуда, қисми зиёди кӯчаҳо чароғон карда шудаанд.

Инак бо иқдоми навбатии Роҳбарияти Олии мамлакат боқимонда роҳҳои дохилии маркази ноҳия мумфарш карда шуданд.

Сокинони ноҳияи Вахш аз ин дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол буда, миннатдории самимонаи худро иброз медоранд ва кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин пешрафту ободонии ватанамон Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.