КОРҲОИ РОҲСОЗӢ ВА САНГФАРШКУНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани одам ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд.            

Қобили қайд аст, ки вақти таъмири хона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кардан лозим аст. Дар ҳолате ки гирду атрофи хона тозаю мусаффо бошад, дохили хона ҳам тоза мемонад. Ҳар ҳафта ҷуйборҳои назди хона ва ҳавлиро тоза кардан лозим аст, то ин ки маҷрои об озод шуда, аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯи талабот бошад.

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунӣ камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромада  кучаҳои ҷ/ш Кировро сангфарш карда истодаанд. Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо ҳамасола аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад.

Воқеан  дар ин рӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.