Таъмири МТМУ №10-и ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад, аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври назаррас рушд кард.

Санаи 14-уми июли соли равон  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади аз наздик шинос шудан аз рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ сафари корӣ анҷом доданд. Зимни сафари корӣ масъулин, аз муассисаҳои таълими №10-и ҷ/д 20-солагии ИТ  дидан намуданд. Зимни боздид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби масъулин таъкид ба он оварда шуд, ки таъмир барои соли хониши 2023-2024 хеле босифат ба анҷом расонида шавад ва барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои судманд дода шуд.